Бунёди соҳибкорони Тоҷикистон барои иҷрои нуҳ тарҳ 740 ҳазор доллар тахсис медиҳад

Дата: 13:01, 28-08-2014.


Душанбе. 28 август. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар Тоҷикистон бунёди мусоъидат ба соҳибкорӣ барои иҷрои 9 тарҳ беш аз 740 ҳазор доллари ИМА тахсис медиҳад, хабар додааст ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Ба иттилоъи маркази матбуъоти кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи моликияти давлатии ҶТ, “шӯрои назорати муассисаи давлатии “Бунёди мусоъидати соҳибкорӣ” дар пайи нишасти навбатии худ тасмим гирифт, ки барои расондани кумаки молӣ ба нуҳ тарҳ ва рушди соҳибкорӣ 3,7 миллион сомонӣ (беш аз 740 ҳазор доллар) ихтисос медиҳад”.
Ба иттилоъи манбаъ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба бунёд 123 пешниҳод аз ниҳодҳои соҳибкорӣ расид, ки танҳо 18 пешниҳод мавриди увлавият қарор гирифт.
Пас аз баррасӣ ва интихоби дақиқ қарор шуд, то ба 9 тарҳи зикршуда вомҳои имтиёзнок дода шавад.

Поделиться новостью: