ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 6:34 | 28 январ

Беш аз 250 сарбозу афсари артиши Тоҷикистон барои ширкат дар омӯзаҳои низомӣ ба Чин рафтанд

Дата: 15:06, 11-08-2014.


Душанбе. 11 август. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Беш аз 250 сарбоз ва афсари артиши Тоҷикистон барои ширкат дар омӯзаҳои (машқ, тамрин) “Маъмурияти сулҳ-2014” ба Чин рафтанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Маркази матбуъотии вазорати дифоъи ҶТ ба хабаргузорӣ чунин иттилоъ дод:
“Беш аз 250 сарбоз ва афсари вазорати дифоъи Тоҷикистон имрӯз барои ширкат дар омӯзаҳои муштараки зиддитеррористии нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) – “Маъмурияти сулҳ-2014” ба Чин рафтанд”.
Ҳайати низомии тоҷик тавассути як ҳавопаймои низомии нерӯҳои ҳавоии вазорати дифоъи ҶМЧ аз Душанбе ба Чин рафтааст.
Генерал-майор Тоҳир Хайруллоев, муъовини якуми раиси ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ҶТ раёсати ин ҳайати низомии тоҷикро бар дӯш дорад.
Гурӯҳҳои вокуниши сареъ ва воҳиди махсуси вазорати дифоъи ҶТ низ дар таркиби ин ҳайат ба Чин рафтаанд.
Хотирнишон мекунем, ки ин омӯзаи низомӣ аз 24 то 29 августи соли равон дар тамрингоҳи “Чжужихэ“-и ноҳияи мухтори Муғулистони дохилии ҶМЧ баргуор мешавад.      
Қарор аст, дар чаҳорчӯби баргузории омӯзаҳои “Маъмурияти сулҳ-2014” дар Чин, миёни оркестрҳои созҳои нафасии муассисоти дифоъии кишварҳои узви СҲШ озмун баргузор шавад. Дар ин озмун 50 тан аз оркестри созҳои нафасии вазорати дифоъи Тоҷикистон низ ширкат хоҳанд кард.  

Поделиться новостью: