Ҳавои рӯзи ҷумъа дар Тоҷикистон каме абрӣ ва бебориш аст

Дата: 09:53, 29-08-2014.


Душанбе. 29 август. ТоҷикТА – Дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои рӯзи ҷумъа каме абрӣ ва бебориш аст, гузориш медиҳад Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон.
Ҳарорати ҳавои рӯз дар вилояти Суғд то +39 дараҷа, дар навоҳии тобеъи марказ то +39 дараҷа, дар вилояти Хатлон то +39 дараҷа ва дар вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ то 26 дараҷа гарм аст.
Осмони Душанбе каме абрӣ, бориш намешавад ва дамои рӯз то 38 дараҷа гарм аст.

Поделиться новостью: