Ҳавои рӯзи сешанбе дар Тоҷикистон каме абрӣ ва бебориш аст

Дата: 13:02, 12-08-2014.


Душанбе. 12 август. ТоҷикТА - Ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон рӯзи сешанбе каме абрӣ ва бебориш аст, гузориш медиҳад Маркази обу ҳавосанҷии Тоҷикистон.
Ҳарорати ҳавои рӯз дар вилояти Суғд то +38 дараҷа, дар навоҳии тобеъи марказ  то +40 дараҷа, дар вилояти Хатлон то +41 дараҷа ва дар вилояти мухтори Бадахшони кӯҳӣ то 34 дараҷа гарм аст.
Осмони Душанбе каме абрист, бориш намешавад ва дамои рӯз то 39 дараҷа гарм аст.

Поделиться новостью: