ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:12 | 28 октябр

Абдулқодир Дӯстум, бародари генероли Афғонистон Абдурашид Дӯстум даргузашт

Дата: 18:46, 18-07-2014.

18 июл. Хабаргузории телеграфи Тоҷикистон. Абдулқодир Дӯстум, бародари генероли Афғонистон Абдурашид Дӯстум даргузашт, хабар дод Хабаргузории телеграфи Тоҷикистон рӯзи ҷумъа бо истинод ба расонаҳои Афғонистон
“Абдулқодир Дӯстум, сенатори пешини  вилояти Ҷузҷон дар Маҷлиси сенат ва бародари ҷенерол Абдурашид Дӯстум, муовини аввали Тими таҳаввул ва тадовул ва раҳбари ҳизби ҷунбиши миллии исломии Афғонистон рӯзи панҷшанбе бар асари беморие, ки дошт, даргузашт”, иттилоъ дод Хабаргузории телеграфи Афғонистон бо такя ба хабаргузории Бухдӣ Пресс.
Абдулқодир Дӯстум сенатори вилояти Ҷузҷон дар маҷлиси сенати кишвар буд, ӯ ҳамчунин муовини ҳизби ҷунбиши миллии исломии Афғонистон буд, ки  чанде пеш барои табобат ба шаҳри Тошканди Ӯзбакистон рафт. Наздикони оқои Дӯстум гуфтаанд, ки ӯ дирӯз дар шифохонаи шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон даргузаштааст. Хонавода ва наздикони ӯ иллати даргузашти А.Дӯстумро беморие, ки ба он мубтало буд, унвон карданд. Ба ин ҳол, қумондони амнияи вилояти Ҷузҷон дар сӯҳбате иттилоъ дод, ки ҷасади Дӯстум то рӯзи ҷумъа ба вилояти Ҷузҷон интиқол дода шуда, сипас ба  хок супурда мешавад. Қодир Дӯстум дар ҷумҳурии Озарбойҷон маълумоти олӣ гирифта буд ва муддате низ корманди аршади вазорати умури хориҷаи Афғонистон  буд.  
Пас аз суқути режими Наҷибуллоҳ соли 1991 чун Мазори Шариф ба дасти Абдурашид Дӯстум гузашта буд, дар он замон Абдулқодири Дӯстум қумондони пулиси ҳамин шаҳр буд.
ِВақти ҳуҷуми Толибон ӯ ҳамроҳи бародараш Абдурашиди Дӯстум ба Туркия фирор кард ва дар он ҷо паноҳанда шуд ва дубора баъди сарнагун шудани Толибон ба Афғонистон баргашт.
Ӯ дар синни 48 солагӣ вафот кард.









Поделиться новостью: