ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 17:58 | 25 сентябр

Аҳли Тоҷикистон дар ҷашни истиқлол танҳо як рӯз истироҳат мекунанд

Дата: 17:37, 05-09-2014.


Душанбе. 5 сентябр. ТоҷикТА - Татяна Болшакова. Дар ҷашни истиқлоли Тоҷикистон мардуми кишвар танҳо як рӯз таътил хоҳанд дошт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Ба иттилоъи федерасиюни иттиҳодияҳои мустақилли синфии Тоҷикистон, 9 сентябр, сешанбе дар Тоҷикистон истироҳат буда, 8 ва 10 сентябр рӯзҳои корианд.
Хотирнишон мекунем, ки соли гузашта дар 22-умин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик 3 рӯз – 8, 9 ва 10 сентябр истироҳат карда буданд.  
9 сентябр ба муносибати 23-умин солгарди истиқлоли ҶТ дар майдону хиёбонҳо бозори сайёри маҳсулоти гуногун, шириниҳо ва намоишгоҳҳо доир мегардад. Ҳамчунин, аз соъати 10 субҳ дар боғи фарҳангу фароғати “Кӯли ҷавонон”, “Дӯстии ақвом”, майдони 800-солагии Москва ва Боғи устод Рӯдакӣ бо ҳузуру ширкати устодони ҳунари мусиқии тоҷик барномаҳои консертӣ баргузор мешавад.
Хотирнишон мекунем, ки имсол оташбозии ҳамасолаи иъдона доир намешавад.
Тазаккур медиҳем, ки 9 сентябри соли 1991 дар нишасти шӯрои оълии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусавваба ва баёния “Дар бораи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расид ва дар нақшаи сиёсии ҷаҳон кишвари озод ва давлати мустақилли Тоҷикистон арзи вуҷуд кард.  

Поделиться новостью: