ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 22:11 | 17 январ

5-умин мусобиқаи футболи муҳоҷирони тоҷик дар Москва

Дата: 13:31, 11-08-2014.


Душанбе. 11 август. ТоҷикТА - Нигинаи Азизмурод. Дар пойтахти ФР мусобиқаи футбол миёни муҳоҷирони тоҷик идома дорад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Дар ин бора Муҳаммад Эгамзод, намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия чунин иттилоъ дод:
“Панҷумин мусобиқаи футбол миёни тимҳои омехтаи муҳоҷирони кории Тоҷикистон ва зодагони ҶТ (тоҷикистониюласлон), рӯзи шанбеи гузашта дар варзишгоҳи “Торпедо”-и шаҳри Москва оғоз ёфт”.
Ба гуфтаи Эгамзод, созмондиҳандаи ин мусобиқа ҳамватанаш Анзор Назахудоев, раиси созмони иҷтимоъии “Помир” аст, ки ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар миёни ҷавонон мусоиъдат мекунад.
Имомуддин Сатторов, сафири ҶТ дар ФР зимни суханронӣ дар маросими оғози ин мусобиқа гуфтааст, ки “рушди варзиш миёни ҳамватанони мо дар Русия ва аҳливу якпорчагии онҳо дар баргузории тадобири варзишӣ – як увлавияти дигаре дар масири кору фаъолияти сафорати Тоҷикистон дар ФР аст”.
Дар маросими оғози мусобиқа Олег Ширинбеков, футболбози номбардори тоҷик ширкат кард ва ҳозиронро бо ин ҷашни варзиш шодбош гуфт.
Дар мусобиқаи футболи муҳоҷирони тоҷик дар Москва 16 тим ширкат мекунад ва бозии ниҳоӣ рӯзи 14 сентябр баргузор мешавад.

Поделиться новостью: