Дар Тоҷикистон шумори мубталоёни куруновирус ба 3686 тан расид

Дата: 11:38, 30-05-2020.

Шумои мубталоёни COVID-19 дар Тоҷикистон ба 3686 тан расид, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи шанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати беҳдошти кишвар, дар як шаборӯзи гузашта 123 мавриди нави ибтило ба куруновирус сабт шуд.
Шумори қурбониёни вирус то ҳол 47 тан аст.
Дар як шаборӯзи гузашта 95 тан бемор комилан сиҳат шуданд. Дар кулл, шумори беҳбудёфтагон ба 1769 тан расид.

Поделиться новостью: