Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон майдони боғу ангурзорҳо густариш меёбад
Дата: 10:18, 30-05-2020.

Имсол дар майдони беш аз 2, 9 ҳазор ҳектор замини Тоҷикистон боғу ангурзорҳо бунёд хоҳанд шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзии ҶТ, то савумин даҳаи моҳи май дар беш аз 2,5 ҳазор ҳектор замин боғу ангурзор бунёд шуд, ки ин баробар бо 88,5 дарсади барномаи пешбинишуда мебошад.
Дар зимн, то ҳол дар 26 ҳазору 816 ҳекто картошка кошта шуд, ки ин 67,9 дарсади барномаи кишти картошка аст.