Раҳмон фармони фарохонии нахустин ҷаласаи сенати тозаинтихобшударо имзо кард

Дата: 15:31, 30-03-2020.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз фармони фарохонии нахустин ҷаласаи сенати тозаинтихобшудаи порлумони кишварро ба имзо расонд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи порлумони ҶТ, нахустин ҷаласаи сенаторҳо бар асоси фармон рӯзи 17 апрел баргузор хоҳад шуд.
Раҳмон бо судури фармони дигаре фарохонии нахустин ҷаласаи муштараки ҳар ду маҷлиси порлумонро низ тасвиб кард. Ин ҷаласа низ рӯзи 17 апрел барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, ки 27 марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон интихоботи Маҷлиси миллии Маҷлиси Ъолӣ баргузор шуд. Дар натиҷа, 25 нафар, аз ҷумла, Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе сенатор интихоб шуданд. 8 нафар сенатори дигарро раисҷумҳур таъйин мекунад.

Поделиться новостью: