Шумори мубталоёни куруновирус дар ҶТ ба 166 тан афзойиш ёфт

Дата: 11:25, 27-05-2020.

Дар шаборӯзи охир дар Тоҷикистон 166 мавриди нави ибтило ба COVID-19 сабт шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоъии ҶТ, шумори кулли мубталоён ба 3 ҳазору 266 тан расид. Дар зимн, рӯзи гузашта як бемор даргузашт. Бо ин ҳол теъдоди қурбониёни вирус дар кишвар ба 47 тан расид.
То ҳол 1 417 тан баъди муъолиҷа комилан сиҳат шуданд. Аз ҷумла, дар шаборӯзи охир 436 тан бемор аз бемористон мураххасӣ шуданд.

Поделиться новостью: