Заминларза шимоли Тоҷикистонро ларзонд

Дата: 11:21, 26-03-2020.

Имрӯз, соъати 09.44 дар қаламрави Тоҷикистон заминларза сабт шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Умеда Юсуфӣ, раиси маркази матбуъотии КВИ ва ДМ Тоҷикистон гуфт, ки маркази заминларза дар фосилаи 220 километр аз Душанбе ба сӯи шимоли шарқӣ, дар ноҳияи Ашти устони Суғд буд.
Шиддати заминларза дар Ашт 3,4 дараҷа, дар Хуҷанд 3 дараҷа буд.
Заминларза тахриботу қурбонӣ ҷой нагузоштааст.

Поделиться новостью: