Ҳаҷми ТНД устони Суғд дар соли гузашта $882,3 миллион буд

Дата: 10:49, 26-03-2020.

Соли 2019 ҳаҷми тавлидоти нохолиси дохилии устони Суғди Тоҷикистон 20,5 миллиард сомонӣ (882,3 миллион доллар) буд, ки ин баробар бо 26,5 дарсади ҳаҷми кулли кишвар аст, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Рӯзи гузашта дар шаҳри Гулистони Суғд бо ширкати раёсату фаъолони устон ва Эмомалӣ Раҳмон, пешвои миллат ҷаласаи корӣ баргузор шуд.
Ширкаткунандагони ҷаласа таъкид карданд, ки дар ҳоли ҳозир дар Суғд барномаи тавсеъаи иҷтимоъӣ ва иқтисодии устон барои солҳои 2016-2020 ва барномаҳои рушди иҷтимоъиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ъамалӣ мешавад.
Раҳмон руасои шаҳру ноҳияҳоро муваззаф кард, ки тавсеъаи минбаъдаи самарбахши иҷтимоъӣ ва иқтисодии минтақаро таъмин кунанд.

Поделиться новостью: