ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 10:53 | 05 апрел

Душанбе марзи Тоҷикистону Қирғизистонро муваққатан баст

Дата: 10:19, 25-03-2020.

ВУХ Тоҷикистон: Бо таваҷҷӯҳ ба вазъияти паҳншавии пандемияи COVID-19 аз 24 марти соли 2020 гузаргоҳҳои марзии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон то беҳбуди вазъият баста мешавад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба гузориши хабаргузории “Азия-Плюс” ба нақл аз ВУХ ҶТ, ин маҳдудият ба шаҳрвандоне, ки аз хориҷа бозмегарданд рабт надорад. Ҳамчунин, шаҳрвандони хориҷӣ, ки Тоҷикистонро тарк мекунанд метавонанд аз марз ъубур кунанд. Ъилова бар ин, таробарии коло тавассути марз идома меёбад. Намояндагони маъмурияти дипломатик, ки дар ҶТ сабтином шудаанд ва аҳли хонаводаи онҳо низ ҳуқуқи ъубур аз марзро доранд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон қаблан марзҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Чинро низ баста буд.

Поделиться новостью: