ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 5:29 | 16 ҷумъа

Дар нахустин семоҳаи сол дар Тоҷикистон беш аз 12,7 ҳазор ҷойи корӣ иҷод шуд

Дата: 14:04, 24-05-2019.

Душанбе. 24 май. ТоҷикТА – Дар нахустин се моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 12 ҳазору 700 ҷойи корӣ иҷод шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи ожонси омори Тоҷикистон, ҳудуди 9 ҳазор, ё 66,9 дарсади ҷойи корӣ доимӣ, беш аз 3 ҳазор, ё 23,7 дарсад ҷойи корӣ муваққат ва 818 ё 6,4 дарсад ҷойи корӣ мавсимӣ мебошанд.
Афзун бар ин, дар ин се моҳ 233 ҷойи кории ъиловагӣ иҷод ва беш аз 1,5 ҳазор ҷойи корӣ барқарор шуд.
Ҷойҳои корӣ аслан дар бахшҳои кишоварзӣ, ҷангалдорӣ ва моҳипарварӣ иҷод шуданд.
Дар зимн, музди миёнгини кормандони ин се бахши Тоҷикистон 586 сомонӣ (63 доллар) аст ва ин музди пасттарин дар кишвар мебошад.
Дар ин муддат дар феҳристи ожонси меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ 78,6 ҳазор шаҳрванди бекор сабтином мебошанд.

Поделиться новостью: