Дар Тоҷикистон ҳаҷми таробарӣ 9 дарсад рушд кард

Дата: 11:16, 24-03-2020.

Дар 2 моҳи аввали сол дар Тоҷикистон тавассути кулли васоити нақлия 12,8 милион тонна коло таробарӣ шуд, ки ин шумора дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 9 дарсад афзойишро нишон медиҳад, мегузорад хабаргузории ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи ожонси омори кишвар, дар ин муддат аз тариқи роҳи оҳан беш аз 995 ҳазор тонна коло таробарӣ шуд, ки ин дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 13,6 дарсад афзойишро нишон медиҳад. Васоити нақлия дар 2 моҳ беш аз 11,9 миллион тонна колоро таробарӣ карданд. Ҳаҷми таробарӣ аз тариқи васоити нақлия дар муқойиса бо моҳҳои январ-феврали соли 2019 8,7 дарсад афзойиш ёфт.
Дар зимн, худравҳо 92,6 дарсади кулли колоҳоро таробарӣ карданд.

Поделиться новостью: