ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 10:49 | 05 апрел

Тоҷикистон барои беҳбуди шароити беҳдоштии марказҳои карантинӣ кӯшиш мекунад

Дата: 16:25, 23-03-2020.

Вазорати беҳдошти Тоҷикистон барои беҳбуди шароит дар марказҳои карантинӣ иқдомҳои заруриро ъамалӣ мекунад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Мирҳамуддин Камолзода, муъовини вазири беҳдошти Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт, “Мо медонем, онҳое, ки дар 4 марказ карантин шуданд, аз шароит розӣ нестанд. Мо рӯзи гузашта ҳамаи онҳоро ба бемористони ноҳияи Синои пойтахт мунтақил кардем.
Ба гуфтаи вай, барои он, ки шаҳрвандон худро хуб эҳсос кунанд, иқдомҳои зарурӣ ъамалӣ мегарданд ва камбудиҳои мавҷуд рафъ шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар шабакаҳои иҷтимоъӣ чанд наворе мунташир шуд, ки дар он мардум аз шароити марказҳои карантинӣ шикоят мекунанд.

Поделиться новостью: