ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:42 | 05 апрел

Ҳаҷми тавлиди гӯшти мурғ дар Тоҷикистон 4 баробар афзойиш ёфт

Дата: 13:06, 23-03-2020.

Дар 2 моҳи аввали соли 2020 ҳаҷми тавлиди гӯшти мурғ дар Тоҷикистон 4 баробар афзойиш ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ-феврал дар кишвар беш аз 4,3 ҳазор тонна гӯшти мурғ тавлид шуд, ки ин шумор дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 4,4 баробар афзойишро нишон медиҳад.
Дар зимн, бар асоси додаҳои вазорати рушди иқтисод ва бозаргонӣ, Дар ин муддат ҳаҷми тавлиди гӯшти гову гӯсфанд 2,8 дарсад коҳиш ёфт. Дар ду моҳ беш аз 20,3 ҳазор тонна гӯшти гову гӯсфанд тавлид шуд.
Имсол Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми тавлиди гӯштро ба 245 ҳазор тонна бирасонад.

Поделиться новостью: