ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:53 | 05 апрел

Селоб дар Тоҷикистон ҷони як рустоиро гирифт

Дата: 11:46, 23-03-2020.

Селобе, ки рӯзи гузашта дар пайи боришот рух дод, дар ноҳияи Хуросони устони Хатлон боиси марги як нафар сокини рустои Ҳалкаҷари ҷамоъати рустоии Ъайнии ин ноҳия шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Умеда Юсуфӣ, раиси маркази матбуъотии КВИ ва ДМ Тоҷикистон,Мирзоқул Раҳмонқулови зодаи соли 1961, ки ҳангоми селоб машғуи кишту кор буд, қурбони офати табиъӣ шуд.
Ҷасади ӯро наҷотдиҳандагони КВИ пайдо карданд.
Ба гуфтаи манбаъ, селоб дар рустоҳои Меҳробод ва Зафарободи ноҳияи Восеъ ва ҷамоъати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ хисорот зад.
Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи корӣ дар ҷойи ҳодиса пайдомати офати табиъиро арзёбӣ мекунад.

Поделиться новостью: