Тоҷикистон дар 2 моҳ ба арзиши беш аз $90,2 миллион маҳсулоти кишоварзӣ тавлид шуд

Дата: 10:35, 23-03-2020.

Дар моҳҳои январ-феврали соли равон дар сартосари Тоҷикистон ба арзиши 920,4 миллион сомонӣ (90,2 миллион доллар) маҳсулоти кишоварзӣ тавлид шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи ожонси омори кишвар, ҳаҷми тавлидот дар ин замина дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 9,4 дарсад рушд кард.
Суръати рушд дар бахшҳои растанипарварӣ ва ҷонварпарварӣ 35,7  ва 9,2 дарсадӣ буд.
То оғози моҳи март дар сартосари Тоҷикистон дар майдони беш аз 63 ҳазор ҳектор кишту кор анҷом ёфт.
Аз ҷумла, дар майдони беш аз 7 ҳазор ҳектор картошка кошта шуд.

Поделиться новостью: