Ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ дар Тоҷикистон 10,9 дарсад рушд кард

Дата: 09:53, 23-03-2020.

Дар 2 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба арзиши беш аз 2,2 миллиард сомонӣ (227,9 миллион доллар) хидматрасонии пулакӣ дар Тоҷикистон 10,9 дарсад афзойиш ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи ожонси омори Тоҷикистон, саҳми ширкатҳои давлатӣ дар сохтори хидматрасониҳои пулакӣ 22,2 дарсад аст.
Аз лиҳози хидматрасонӣ ба мардум шаҳри Душанбе дар муқойиса бо дигар минтақаҳои кишвар бартарӣ дорад. Дар ин муддат ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ дар пойтахт аз миёнгини шохиси ҷумҳурӣ 5,2 баробар афзун буд.
Имсол ҳаҷми хидматрасонии пулакӣ бар мардум дар ҶТ 13,1 миллиард сомонӣ (беш аз 1,3 миллиард доллар) ва рушди он 3,5 дарсад пешбинӣ мешавад.

Поделиться новостью: