Дар Тоҷикистон шумори гирифторони куруновирус болотар аз 2 ҳазор тан рафт

Дата: 13:38, 21-05-2020.

Шумори мубталоёни куруновирус дар ҶТ ба 2140 нафар расид, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи панҷшанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоъии Тоҷикистон, дар 2 рӯзи охир дар кишвар 204 мавриди ибтило ба вирус сабт шудааст.
Дар зимн, 41 нафар қурбони куруновирус шуданд.
Нахустин мавриди мубтало шудан ба куруновирус дар ҶТ рӯзи 30 апрел сабт шуда буд.

Поделиться новостью: