ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 17:26 | 03 ҷумъа

Раҳмон бо муъовини раиси ШБМ дурнамои ҳамкориро баррасӣ кард

Дата: 10:50, 21-02-2020.

Душанбе. 21 феврал. ТоҷикТА – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта дар Душанбе бо Георгина Бейкер, муъовини раиси ширкати байналмилалии молӣ дурнамои ҳамкориро баррасӣ кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон ба Бейкер дар бораи фаъолияти ШБМ дар ҶТ ибрози ризоят кард ва гуфт, ки ҶТ ба тавсеъаи минбаъдаи ҳамкорӣ бо ин ширкат ъалоқа дорад.
Дар мулоқот тавсеъаи ҳамкорӣ дар заминаҳои молӣ, бозаргонӣ, иртиботот, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин, масоъили иҷрои Барномаи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва таъсири ъомилҳои берунӣ ба рушди иқтисоди ҶТ баррасӣ шуд.
Тарафҳо таъкид карданд, ки бояд тавсеъаи бозорҳои молӣ, зерсохтҳои энержии тавлидотӣ, заминаҳои саноеъ ва кишоварзӣ, тамвили соҳибкории хурду миёна, аз ҷумла, дар заминаи кишоварзӣ, ба вижа, дар минтақаҳои дурдаст ва афзойиши эътиборот ба бонувони соҳибкор таъмин гардад.

Поделиться новостью: