ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 19:15 | 10 декабр

Тоҷикистон дар 10 моҳ ба арзиши $237 масолеҳи сохтмонӣ тавлид кард

Дата: 14:16, 19-11-2019.

Душанбе. 19 ноябр. ТоҷикТА – Тоҷикистон дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши кулли 2,3 миллиард сомонӣ (237 миллион доллар) масолеҳи сохтмонӣ тавлид кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи вазорати саноеъ ва фанновариҳои нави Тоҷикистон, ҳаҷми масолеҳи тавлидшуда дар ин муддат дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 296,6 миллион сомонӣ афзойишро нишон медиҳад.
Дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар ҶТ 3,5 миллион тонна симон, 1 миллион дона шифер, 3,5 миллион дона хишт ва ғайра тавлид шуд.
Дар ин давр Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 791,8 ҳазор тонна, ба Афғонистон 493,2 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон 72,3 ҳазор тонна симон содир кард. Будҷаи давлат аз содироти симон 60,2 миллион доллар касб кард.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 13 корхона симон тавлид мекунад.

Поделиться новостью: