Дар Тоҷикистон 41-умин мавриди марг дар миёни гирифторони куруновирус сабт шуд

Дата: 15:21, 19-05-2020.

Дар Тоҷикистон 41-умин мавриди марг бар асари гирифтории куруновирус сабт шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи сешанбе.
Бино ба иттилоъи вазорати беҳдошти кишвар, рӯзи гузашта шумори қурбониёни бемории фарогир ба 41 нафар расид. Шумори кулли беморон 1729 тан аст.
Ёдовар мешавем, ки нахустин мавриди гирифторӣ ба куруновирус дар ҶТ дар поёни моҳи апрел сабт гардид.

Поделиться новостью: