Толибон ба шаҳристони наздимарзии Афғонистону Тоҷикистон ҳамла карданд

Дата: 10:15, 19-05-2020.

Пайкорҷӯйони ҷунбиши Толибон шаби гузашта ба дастаи мудофеъон дар шаҳристони Янги Қалъа Афғонистон, ки бо ҶТ ҳаммарз аст, ҳамла карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Дар натиҷаи ин ҳамла 7 нафари дастаи мудофеъони маҳаллӣ – “Хезиши мардумӣ” кушта шуданд, 2 нафари дигар захм бардоштанд.
Ба гуфтаи Муҳаммад Ҷавод Ҳиҷрӣ, дабири матбуъотии устондори минтақа, даргирӣ 5 соъат тӯл кашид. Вақте, ки нерӯҳои ъиловагӣ ба кумаки мудофеъон расиданд, пайкорҷӯйон ъақибнишинӣ карданд.
Толибон низ дар ин даргирӣ талафот дод.

Поделиться новостью: