ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 5:11 | 19 август

Тоҷикистон дар шаш моҳ беш аз 72,1 ҳазор тонна маҳсули кишоварзӣ содир кард

Дата: 10:52, 18-07-2019.

Душанбе. 18 июл. ТоҷикТА – Тоҷикистон дар нимаи аввали сол беш аз 72,1 ҳазор тонна сабзавот содир кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Иззатулло Сатторӣ, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар нишасти расонаӣ гуфт, ки маҳсули кишоварзӣ ба 25 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Қирғизистон ва ғайра содир мегарданд.
Ба гуфтаи вай, то 1 июли соли ҷорӣ дар саросари кишвар 575 ҳазор тонна ғалла ва растанӣ, 253 ҳазор тонна картошка, 785 ҳазор тонна сабзавот, 209 ҳазор тонна маҳсули полезӣ ва 122 ҳазор тонна мева тавлид шуд.
Дар зимн, тавлиди гӯшт, шир, ъасал ва тухм низ рушд кард.
Вазири кишоварзӣ ба пурсиши “пас чаро нархи тарбуз ва гӯшт боло аст?” посух дод, ки нарх бар асоси тақозо боло меравад ва ин қонун иқтисоди бозорӣ аст.
Ӯ афзуд, ки нархи гӯштро бо афзойиш додани тавлиди гӯшти мурғу харгӯш коҳид додан мумкин аст.

Поделиться новостью: