ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 10:44 | 10 декабр

Тоҷикистон дар ним сол 238,4 ҳазор тонна маводди нафтӣ ворид кард

Дата: 10:09, 18-07-2019.

Душанбе. 18 июл. ТоҷикТА – Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ 238,4 ҳазор тонна маводди нафтӣ ворид кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Икромиддин Вализода, раиси хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо рӯзноманигорон гуфт, ки дар ин муддат ба кишвар 115,5 ҳазор сӯхти дизелӣ, 83,1 ҳазор тонна бензин, 22,8 ҳазор тонна сӯхти реактивӣ, 7,3 тонна мазут ворид шуд.
87 дарсади маводди нафтӣ аз Русия, 7,9 дарсад аз Қирғизистон, 2,4 дарсад аз Қазоқистон ва боқӣ аз дигар кишварҳо ба ҶТ ворид гардид.
Дар Тоҷикистон ширкатҳои “Газпромнефт Тоҷикистон”, “Сеганҷ”, ва ожонси захоири модди давлатӣ дар заминаи воридоти маводди нафтӣ пешгом мебошанд.
Бар асоси додаҳои Вализода, 41 дарсади воридоти маводди нафтӣ саҳми “Газпромнефт Тоҷикистон”, 33 дарсад саҳми “Сеганҷ” ва беш аз 10 дарсад саҳми ожонси захоири моддии давлатӣ мебошад.
Дар ҳоли ҳозир нархи як литр бензини навъи АИ-92 дар сартосари кишар аз 6,8 то 7,8 сомонӣ аст.

Поделиться новостью: