Тоҷикистон аз лиҳози шумори қурбониёни COVID-19 дар минтақа кишвари аввал аст

Дата: 12:50, 18-05-2020.

Тоҷикистон бо 39 тан қурбонии куруновирус дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар аз дигарон талафот додааст, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи сойти расмии куруновирус, шаби гузашта шумори гирифторони ин беморӣ ба 1524 нафар ва қурбониён ба 39 нафар расид.
Қабл аз ин, бештарин қурбонии куруновирус дар Қазоқистон (34 тан) сабт шуда буд. Дар Қирғизистон то ҳол 14 нафар, дар Ӯзбекистон 11 нафар бар асари ин беморӣ даргузаштанд.
Вале, бархе аз коршиносони ҷаҳонӣ додаҳои расмии кишварҳои собиқи шӯравӣ дар бораи қурбониёнро қобили эътимод ҳисоб намекунанд. Ҳафтаи гузашта рӯзномаҳо Financial Times ва New-York Times бо интишори мақолаҳо таъкид карданд, ки мумкин аст дар Русия шумори қурбониён дар муқойиса бо додаҳои расмӣ 70 дарсад бештар бошад.

Поделиться новостью: