ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 20:53 | 15 октябр

Ифтихороварии куштигирони Тоҷикистон дар Ҷоми самбои Осиё дар Ҳиндустон

Дата: 11:52, 17-09-2019.

Душанбе. 17 сентябр. ТоҷикТА – Куштигирони Тоҷикистон дар мусобиқоти Ҷоми самбои размии Осиё дар миёни донишомӯзон, ҷавонон ва калонсолон, ки дар Ҳиндустон баргузор шуд, 11 медал касб карданд.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии кумитаи милли Олимпики Тоҷикистон, ин мусобиқот рӯзҳои 13-15 сентябр дар шаҳри Деҳлӣ барпо шуд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот 12 куштигир намояндагӣ карданд ва дар кулл ба 11 медал, аз ҷумла, 3 тилло, 1 нуқра ва 7 брунз даст ёфтанд.
Шердил Алмосов дар вазни 74 кило, Саидиброз Икромов дар вазни 90 кило дар миёни ҷавонон, Мирзоҷамил Рамазонов дар вазни 74 кило дар миёни калонсолон қаҳрамонони мусобиқот шуданд. Фируз Муъминов дар миёни ҷавонон медали нуқра касб кард.
Комилҷон Ҳайдаралӣ, Субҳон Мирзомуродзода, Муҳаммадҷон Зиёев дар миёни ҷавонон, Талабшо Мунавваров, Ҳамроз Раҷабов ва Одилҷон Сафаров дар миёни калонсолон ва Худоёр Раҷабзода дар самбои размӣ медалҳои брунз дарёфт карданд.

Поделиться новостью: