ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 20:53 | 15 октябр

Вазири умури дохилии Тоҷикистон бо раҳбарони тоҷикони Русия дидор кард

Дата: 10:23, 17-09-2019.

Душанбе. 17 сентябр. ТоҷикТА – Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон бо раҳбарони тоҷикони Русия дар устонҳои ин кишвар мулоқот кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи ВУД Тоҷикистон, Раҳимзода дар мулоқот ҳамватанонро бо 28-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон ва баҳрабардории дувумин чархаи НБО Роғун шодбош гуфт, ба онҳо орзуи комёбӣ кард.
Ҳамчунин, намояндагони тоҷикони Русия бо изҳори сипосгзорӣ барои пуштибонии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, таъкид карданд, ки ҳамеша дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҶТ мебошанд.
Вазири умури дохилии ҶТ барои ҳамкории асарбахш бо ниҳодҳои вазорат ба чанд намояндаи тоҷикони Русия медалҳои “Барои ҳамкорӣ” ва Ташаккурномаҳои ифтихорӣ эъто кард.

Поделиться новостью: