Донишомӯзони Тоҷикистон дар олимпиадаи байналмилалӣ 12 медал дарёфт карданд

Дата: 18:08, 17-01-2020.

Душанбе. 17 январ. ТоҷикТА – Донишомӯзони Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Жаутиков дар шаҳри Алматӣ 12 медал, аз ҷумла 2 нуқра ва 10 брунз касб карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати таҳсилоти Тоҷикистон, 16-умин озмуни байналмилалӣ аз дарсҳои риёзӣ, физика ва фанновариҳои иттилоъотӣ рӯзҳои 9-13 январ баргузор шуд.
Дар олимпиада аз 20 кишвар 82 ҷамоъа донишомӯз ширкат карданд. Тоҷикистонро дар озмун дастаҳои Литсейи кӯдакони истеъдоди шаҳри Душанбе, литсейи “Ҳотам ПВ” ва дастаи донишомӯзони 21 мактаб, дар кулл 21 донишомӯз намояндагӣ карданд.
Бар асоси додаҳои вазорати таҳсилот, донишомӯзони Тоҷикистон соли 2019 дар 31 олимпиадаи байналмилалӣ ширкат карданд ва 251 медал, аз ҷумла 65 тилло, 66 нуқра ва 118 брунз касб карданд.

Поделиться новостью: