Дар Душанбе масири нави автобусҳо роҳандозӣ мешавад

Дата: 14:20, 17-01-2020.

Душанбе. 17 январ. ТоҷикТА – Аз 24 январ дар Душанбе масири нави автобусҳо – Фурӯдгоҳи кӯҳна-Фурӯшгоҳи Кушониён роҳандозӣ мегардад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи шаҳрдории Душанбе, дар ин масир автобусҳои нави “АКИА” бо рақами 33 ҳаракат мекунанд.
Автобусҳо аз кӯчаҳои Мирзо Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Дӯстии халқҳо, Мирзо Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳофизи Шерозӣ ъубур хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки бозори масолеҳи сохтмонии “Ҷол-Ҷам” дар чорчӯби ъамалисозии Нақшаки кулли шаҳр ба фурӯшгоҳи Кушониён мунтақил мешавад.

Поделиться новостью: