ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 17:06 | 26 феврал

Дар Душанбе ҳодисаи марги як зан дар манзили худ бозрасӣ мегардад

Дата: 12:37, 17-01-2020.

В Душанбе расследуют факт смерти женщины в своей квартире
Душанбе. 17 январ. ТоҷикТА – Дар як хонаи бинои маскунии кӯчаи Бухорои Душанбе ҷасади зани 66-сола пайдо шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Умеда Юсуфӣ, раиси маркази матбуъотии КВИ ва ДМ Тоҷикистон гуфт, ки ин бону дар хонаи худ танҳо зиндагӣ мекард. Ӯ дар рӯзҳои охир аз хона берун намерафт. Ҳамсоягонаш нигарони ӯ шуданд ва ба КВИ муроҷиъат карданд.
Наҷотдиҳандагон дар ҳузури шоҳидон ва намояндагони расмӣ вориди хона шуданд ва ҷасади беҷонро пайдо карданд.
Ба гуфтаи шоҳидон, ӯ танҳо зиндагӣ мекард. Бозрасӣ идома дорад.

Поделиться новостью: