Низомиёни Тоҷикистон дар режаи солгарди Ғалаба дар Маскав ширкат мекунанд

Дата: 11:13, 17-01-2020.

Душанбе. 17 январ. ТоҷикТА – Дастаи сарбозону афсарони вазорати дифоъи Тоҷикистон дар режаи солгарди Ғалаба, ки рӯзи 9 май дар Майдони сурхи Маскав баргузор мешавад, ширкат мекунанд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Ба гуфтаи Ориф Низомиён, дабири матбуъотии вазорати дифоъи ҶТ, як дастаи дигари нерӯҳои мусаллаҳи кишвар дар ин рӯз дар режаи 75-умин солгарди ғалаба дар дувумин ҷанги ҷаҳонӣ, ки дар шаҳри Екатеринбург барпо мегардад, ширкат хоҳад кард.
Бино ба додаҳои якчанд манбаъ, дар ин маросими бошукӯҳ дар Маскав Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ҳузур хоҳад дошт.
Ҳамчунин, Раҳмон дар дидори ғайрирасмии сарони Иттиҳоди кишварҳои ҳамсуд, ки рӯзи 8 май барпо мешавад, ширкат хоҳад кард.

Поделиться новостью: