ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 9:04 | 28 май

Италия сохтусози роҳоҳан дар Афғонистонро тамвил мекунад

Дата: 10:30, 17-01-2020.

Душанбе. 17 январ. ТоҷикТА – Намояндагони маҷлиси пойини порлумони Афғонистон тавофуқномаи ироаи эътибор аз сӯи Италия барои сохтусози роҳи оҳани байналмилалии Ҳирот-Ҳафро тасвиб кард, гузориш медиҳад хабаргузории АфТАГ.
Дар ҳоли ҳозир сохтусози қисмати роҳоҳан дар Ирон поён ёфта ва дар Афғонистон оғоз шудааст.
Италия чаҳорумин марҳилаи тарҳро таъмини молӣ мекунад.
Барои сохтусоз Рим ба Кобул 65 миллион евроро дар се марҳила ироа мекунад. Муҳлати баргардондани қарз 40 сол аст.
Бо ъамалӣ гардидани ин тарҳи роҳоҳанӣ он ҳамасола ба Афғонистон 64 миллион доллар даромад хоҳад овард.

Поделиться новостью: