ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 21:59 | 15 октябр

Сокини Вахш барои наҷот додани кӯдак аз ғарқшавӣ бо медали “Барои диловарӣ” сарафроз шуд

Дата: 16:25, 16-09-2019.

Душанбе. 16 сентябр. ТоҷикТА – Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Таваралӣ Ғайратов, сокини ноҳияи Вахшро барои наҷот додани кӯдак аз ғарқшавӣ бо медали “Барои диловарӣ” сарафроз кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии ВУД Тоҷикистон, Ғайратов рӯзи 9 сентябр дар рӯдхонаи Вахш кӯдакеро, ки дар об уфтода буд, дид ва бе дудилагӣ худро ба дарё партофту кӯдаки дусола – Абдураҳмон Тағоевро берун овард. Сипас ӯро ба бемористон мунтақил кард, пизишкон ба кӯдак ёрии нахустинро доданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон Ғайратовро бо медали “Барои диловарӣ” ва ҷоизаи нақдӣ сарафроз кард.

Поделиться новостью: