ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 22:10 | 15 октябр

Дар Душанбе нахустин мушовираҳои сиёсии Тоҷикистон ва Малайзия барпо гардид

Дата: 14:28, 16-09-2019.

Душанбе. 16 сентябр. ТоҷикТА – Дар поёни ҳафтаи гузашта дар Душанбе нахустин мушовираҳои сиёии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, мушовираҳо таҳти раёсати Хусрав Нозирӣ,  нахустмуъовини вазири умури хориҷии ҶТ ва Амрон Муҳаммад Зин, муъовини дабири кулл маоъили дуҷонибаи ВУХ Малайзия барпо шуд.
Тарафҳо масоъили вазъияти кунунӣ ва самтҳои аввалиятии равобити дуҷонибаро баррасӣ ва дар бораи масоъили муҳимми минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули афкор карданд.
Дар мулоқот аҳамияти мушовираҳои мунназзами сиёсӣ ҳамчун ъомили кашфу ҳалли мушкилоти мавҷуда таъкид шуд.
Намояндагони Малайзия баъди мушовираҳо аз Кохи Наврӯз боздид карданд.

Поделиться новостью: