ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 22:21 | 15 октябр

Муштзани тоҷик ба марҳилаи навбатии Ҷоми Ҷаҳон дар Екатеринбург роҳӣ шуд

Дата: 11:30, 16-09-2019.

Душанбе. 16 сентябр. ТоҷикТА – Баҳодур Усмонов, муштзани Тоҷикистон ба марҳилаи савуми мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳон, ки дар шаҳри Екатеринбург идома дорад, роҳ ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи душанбе.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии кумитаи миллии Олимпики Тоҷикитон, Усмонов дар дувумин рақобати худ дар вазни 63 кило Туғрул Эрдемирови туркияиро бо нокаути фаннӣ шикаст дод.
Акнун, муштзани тоҷик рӯзи 17 сентябр бо Софиан Оумих, намояндаи Фаронса рӯбарӯ мегардад. Ин муштзан қаҳрамони соли 2017 ва барандаи медали нуқраи Бозиҳои Олимпики Рио-де-Жанейро мебошад.
Шаббос Негматуллоев, муштзани дигари Тоҷикистон дар радаи вазни то 81 кило дар марҳилаи дувуми мусобиқот аз Абдураҳмон Салоҳи мисрӣ шикаст хӯрд.
Дар ин мусобиқот 368 муштзан аз 78 кишвари ҷаҳон дар 8 радаи вазн ширкат мекунанд.

Поделиться новостью: