ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 3:07 | 13 ноябр

Додгоҳи Алматӣ 7 тан шаҳрванди Тоҷикитон ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард

Дата: 11:19, 16-09-2019.

Душанбе. 16 сентябр. ТоҷикТА – Додгоҳи Қазоқистон 7 тан шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми таъсиси гурӯҳи террористӣ омодагӣ ба ҳамлаи ифтрогароёна ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба гузориши пойгоҳи Today.kz, маҳкумшудагон эътироф карданд, ки як раҳбари рӯҳонии онҳо мулаққаб ба “Шаҳамад”, ки дар Афғонистон аст, онҳоро роҳнамоӣ кардааст. Ин гурӯҳ аз моҳи декабри соли 2018 то январи 2019 ҳамла ба биноҳои “АТФ Банк” ва ибодатгоҳи Иверско-Серафимовро омода кардаанд.
Ҳангоми бозрасӣ аз маҳалли зисти онҳо таппончаи ПМ, норинҷаки Ф-1, туфанги шикорӣ ва ашё барои сохти бомби дастӣ кафш ва забт шуд.
Додгоҳ ҷинояткоронро ба муҳлати аз 12 то 16 сол маҳкуми зиндон кард.

Поделиться новостью: