ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 15:21 | 17 сентябр

Чанд кишвар дар пайи дарёфти ъузвияти СҲШ мебошанд

Дата: 17:25, 16-08-2019.

Душанбе. 16 август. ТоҷикТА – Бахтиёр Ҳакимов, намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури СҲШ, сафири вазоифи вижаи ВУД Русия гуфт, ки чанд кишвар барои ъузвшавӣ ба Созмони ҳамкории Шонгҳой ъарза кардаанд, гузориш медиҳад хабаргузории КазТАГ.
Бино ба иттилоъи хабаргузории “РИА Новости”, Исроъил, Бангладеш, Баҳрайн, Ъарабистони Саъудӣ ва чанд кишвари дигар ъарзаҳои худро барои пайвастшавӣ ба фаъолияти СҲШ ироа кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки СҲШ соли 2001 таъсис ёфт. Ҳадафи аслии созмон тақвияти боварии мутақобила, дӯстӣ, густариши ҳамкории асарбахш дар заминаҳои сиёсӣ, бозаргониву иқтисодӣ, фарҳангиву инсондӯстӣ ва ғайра мебошад. Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои созмон ҳастанд. Афғонистон, Белорус, Ирон ва Муғулистон мушоҳидакунандагони созмон, Арманистон, Озарбойҷон, Камбодҷа, Непал, Туркия ва Шри Ланка шарикони гуфтугӯии созмон ҳастанд.

Поделиться новостью: