Мушоҳидакунандагон бадшавии вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро таъкид карданд

Дата: 14:17, 16-01-2020.

Душанбе. 16 январ. ТоҷикТА – Созмони байналмилалии Human Rights Watch (HRW) дар гузориши солонаи 2019 бадшавии вазъияти ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон таъкид кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
HRW таъкид мекунад, ки дар кишвар саркӯб кардани интиқодкунандагони ҳукумат идома дорад. Ҳатто, корбарони оддии шабакаҳои иҷтимоӣ ба занни дигарандешӣ ба муҳлатҳои тӯлонӣ ҳабс шуданд.
Созмони ҳимояти ҳуқуқи башар ҳамчунин мавридҳои маҳдудсозии озодбаёнии андеша ва дин дар Тоҷикистонро таъйид мекунад. Созмонҳои ғайридавлатӣ мувоҷеҳи ... маводди интернетӣ ба сурати густурда сонсур мегарданд.
Ҳукумат ба наздикони шаҳрвандоне, ба сабабҳои гуногун ки дар хориҷа таъқиб мешаванд, зулму ситам мекунад ва аз тариқи Интерпол кӯшиш мекунад, ки мухолифони сиёсиро ба кишвар баргардонад.
Дар гузориши HRW мавориди шиканҷа дар зиндонҳо ва хушунати хонаводагӣ низ сабт шудааст.

Поделиться новостью: