Дар Душанбе корхонаи тавлиди ҷуроб ба кор андохта шуд

Дата: 12:43, 16-01-2020.

Душанбе. 16 январ. ТоҷикТА – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи гузашта бо Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар маросими гушойиши корхонаи тавлиди ҷуроб – “Ваҳдат” дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ширкат кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, зарфияти солонаи ин корхона тавлиди 19,2 миллион ҷуфт ҷуроб мебошад. Илҳом Мирзоев, соҳибкори маҳалӣӣ мубтакир ва таъминкунандаи молии ин тарҳ мебошад.
Дар ҳоли ҳозир марҳилаи нахустини корхона ба кор оғоз кард, марҳилаи дувумӣ соли оянда ба кор андохта мешавад.
Корхона бо таҷҳизоти Туркия, Чин ва Италия муҷаҳҳаз шудааст. Маҳсулоти корхона дар оянда ба Русия, Қазоқистон, Қирғизистон ва АМЪА содир хоҳад шуд.

Поделиться новостью: