Тоҷикистон тавофуқномаи сохтусози 5 мактаб аз сӯи Русияро ба тасвиб расонд

Дата: 12:10, 16-01-2020.

Душанбе. 16 январ. ТоҷикТА – Маҷлиси пойини порлумони Тоҷикистон рӯзи гузашта тавофуқномаи миёни ҳукуматҳои ҶТ ва Русия дар бораи сохтусозу муҷаҳҳизсозии 5 мактаби русӣ дар Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар ва Турсунзодаро тасвиб кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи порлумони Тоҷикистон, ин мактабҳо, ки аз ҳисоби Русия сохта мешаванд, ба беш аз 400 нафар омӯзгори корозмуда, ки забони русиро хуб медонанд, ниёз хоҳанд дошт.
Дар ҳар як аз ин мактабҳо 1,2 ҳазор нафар донишомӯз парваришу омӯзиш хоҳанд шуд.
Русия барои сохтусози мактабҳо 6 миллиард рубл ихтисос медиҳад.
Ин тавофуқнома соли гузашта дар Маскав имзо шуда буд.

Поделиться новостью: