ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 1:34 | 21 август

Бозии футболбозони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тасовӣ поён ёфт

Дата: 16:09, 14-08-2019.

Душанбе. 14 август. ТоҷикТА – Тими миллии футболи ҷавонони зери соли 19 дар мусобиқоти Созмони футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо ҳамтоёни ӯзбекистонии худ бозӣ карданд, ва ин бозӣ бо натиҷаи 2 бар 2 поён ёфт, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи федерасиюни футболи ҶТ, Амадонӣ Камолов ва Рустам Соиров голҳои Тоҷикистон ба самар расонданд.
Ирон дар дигар бозии мусобиқот Афғонистонро бо натиҷаи 2 бар 0 шикаст дод.
Дар ҳоли ҳозир Ирон бо 9 имтиёз садри ҷадвали мусобиқот мебошад. Тоҷикистон 7 имтиёз дар паллаи дувум ҷойгир аст. Тоҷикистон фардо, 15 август ба масофи Ирон меравад. Танҳо дар сурати дастёбӣ ба пирӯзӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов қаҳрамони мусобиқоти КАФА хоҳанд шуд.

Поделиться новостью: