ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 2:24 | 10 декабр

Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон пойин меравад

Дата: 13:02, 14-08-2019.

Душанбе. 14 август. ТоҷикТА – Ҳарорати ҳаво дар Тоҷикистон пойин меравад, борон намеборад, вале ҳавои ғуборолуд дар бархе аз манотиқи кишвар мушоҳида мегардад, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи чоршанбе.
Бино ба иттилоъи хадамоти ҳавошиносии  ҶТ, рӯзҳои 13-16 август дар ҶТ ҳавои нопойдор мушоҳида пешбинӣ мешавад. Дар минтақаҳо ба ғайри ВМКБ ҳаво аз ғарб то 15-20 метр дар сония мевазад.
Гуфта мешавад, ки дар Хатлон ва ноҳияҳои марказӣ ҳавои ғуборолуд боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво то 5-8 дараҷа пойин меравад.
Ҳарорати ҳаво дар ҷануби Тоҷикистон то 38 дараҷа, дар ВМКБ то 33 дараҷа ва дар устони Суғд то 33 дараҷа гарм хоҳад буд.
Ҳарорати ҳаво дар Душанбе то 33-36 дараҷа пойин меравад, вале рӯзи 18 август дубора ба 38 дараҷа хоҳад расид.

Поделиться новостью: