ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:41 | 16 октябр

Дар ноҳияи Данғара литсейи нави ҳирфаӣ-фаннӣ фаъолият оғоз кард

Дата: 16:17, 13-09-2019.

Душанбе. 13 сентябр. ТоҷикТА – Дар деҳи Баҳори ҷамоъати Оқсуи ноҳияи Данғараи устони Хатлони Тоҷикистон литсейи нави ҳирфаӣ-фаннӣ оғоз ба кор кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар маросими баҳрабардорӣ шудани ин литсей ширкат кард.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии раисҷумҳури Тоҷикистон, ин литсей тавони омӯзишу парвариши 300 нафарро дорад. Дар литсей мутахассисони компутерӣ ва фанновариҳои интернетӣ, ронандагони синфи “С”, электромонтёри тармим ва хидматрасонии корафзорҳои электрик, пайвандкори гозӣ ва электрик, пазандаҳо ва ғайра парвариш хоҳанд шуд.
Ҳамчунин дар ин литсей барои бекорон давраҳои омӯзишии ихтисосҳои нав роҳандозӣ гардид.
Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин ҳангоми ҳузури худ дар Данғара бинои Кохи фарҳангро ифтитоҳ кард. Илова бар ин, дар ноҳия китобхонаи электронӣ, толори хониш ба баҳрабардорӣ расид.

Поделиться новостью: