ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 11:48 | 16 октябр

Тоҷикистон ва Туркия дурнамои ҳамкорӣ дар заминаи таҳсилотро баррасӣ карданд

Дата: 15:24, 13-09-2019.

Душанбе. 13 сентябр. ТоҷикТА – Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи гузашта дар Душанбе бо Бирол Акгюн, раиси Бунёди таҳсилоти Туркия масоъили ҳамкорӣ дар заминаи таҳсилотро баррсӣ кард, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи сойти ВУХ ҶТ, дар мулоқот вазъияти кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду кишвар дар ин замина мавриди баррасӣ қарор ёфт.
Туркия дар чорчӯби тавофуқномаи дуҷониба, ки чанде пеш имзо шуд, ҳамасола ба Тоҷикистон 40-60 бурсияи омӯзишӣ ихтисос медиҳад. Дар ҳоли ҳозир садҳо нафар шаҳрванди ҶТ дар Туркия таҳсил мекунанд.

Поделиться новостью: