ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 12:05 | 16 октябр

Тоҷикистон ва Ирон дурнамои тавсеъаи ҳамкориро баррасӣ карданд

Дата: 11:10, 13-09-2019.

Душанбе. 13 сентябр. ТоҷикТА – Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири рушди иқтисод ва бозаргонии Тоҷикистон дар мулоқот бо Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ирон дар Тоҷикистон дурнамои тавсеъаи ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд, гузориш медиҳад ТоҷикТА рӯзи ҷумъа.
Бино ба иттилоъи вазорати рушди иқтисод ва бозаргонии ҶТ, тарафҳо дар мулоқот дар мавриди тақвияти ҳамкории иқтисодӣ-бозаргонӣ, болобарии мубодилоти молӣ, ҷазби сармоягузорӣ, истифодаи имконоти таробарии ду кишвар, идомаи ҳамкорӣ дар таъсиси ширкатҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ табодули афкор карданд.
Бар асоси додаҳои оморӣ, ҶТ ва Ирон дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ба арзиши беш аз 36,8 миллион доллар гардиши молиро анҷом доданд, ки ин шумор дар муқойиса бо даври мушобеҳи соли гузашта 42,7 дарсад коҳишро нишон медиҳад. Беш аз 24,8 дарсади ин маблағ воридоти колоҳои иронӣ ба Тоҷикистон аст.
Гардиши молии Тоҷикистон ва Ирон дар солҳои охир хеле коҳиш ёфт. Чанд сол пеш Ирон яке аз се шарики аслии бозаргонии Тоҷикистон буд.

Поделиться новостью: