ТоҷикТА
Хабаргузории телегрофи
Тоҷикистон

Душанбе, 0:48 | 12 декабр

Дар “Рӯзи муҷаррадон” ҳаҷми фурӯши онлайн дар Чин дар 96 дақиқа аз $1,44 миллиард болотар рафт

Дата: 17:22, 12-11-2019.

Душанбе. 12 ноябр. ТоҷикТА – Шаби 11 ноябр дар Чин ҳамагӣ дар 1 дақиқаву 36 сония дар бозаргонии онлайни ширкати Alibaba Group, ки ба муносибати “Рӯзи муҷаррадон” барпо шуд, ба арзиши 10 миллиард юан (тақрибан 1,44 миллиард доллар) маҳсулот ба фурӯш рафт, гузориш медиҳад хабаргузории Silkroadnews.
Бино ба гузориши хабаргузории Синхуа, имсол дар хариду фурӯши пойгоҳи чинии Tmall беш аз 22 ҳазор ширкат аз 200 кишвари ҷаҳон ҳузур доштанд.
Ширкати бозаргонии электронии Alibaba Group, ки соҳиби Tmall аст, имсол низ 11 ноябр, ки дар Чин ҳамчун “Рӯзи муҷаррадон” маъруф аст, хариду фурӯши онлайнро роҳандозӣ кард.
Соли гузашта ширкати Alibaba дар ин рӯз аз тиҷорати онлайн 213,4 миллиард юан даромад касб карда буд.

Поделиться новостью: